Булбули Самарқанд
 

      Соли 1989 Мардони Мавлон ҳангоми як сафари дарозмуддати ҳунарии худ ба шаҳрхои Тоҷикистон барои Хазинаи кӯдакон ва забон консертҳо доир карда, маблағи ҳангуфтеро аз ин ҳунарнамоиҳо ба ин сандуқҳо ворид кард. Соли 1990 мардуми ҷаҳон ва Тоҷикистон 1400 солагии хунёгари бузурги тоҷик Борбади Марвазиро ҷашн гирифтанд . Овозхони номвари тоҷик ҳам ба ин ҷашни пуршукӯҳ даьват шуда буд ва ӯ низ дар паҳлӯи ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон бо таронаҳои дилангези худ, ки аз он бӯйи хуш ва таровату зебоии Самарқанд меомад, хотири ҳазорон тамошобини тоҷик ва меҳмонони хориҷиро шод гардонд. Дастаи доварон, ки аз Ирон, Тоҷикистон, Афғонистон ва форсизабонони Амрикову Аврупо буданд , аз байни ҳунармандони номвари ҷашн ҷоизаи аввал ва нишони Борбадро ба Мардони Мавлон супориданд.

Агар панҷоҳ баҳорат шуд муяссар,

Бубинӣ боз панҷоҳ соли дигар.

11 марти соли равон Мардон Мавлон, овозхони маъруфи тоҷики зодаи Самарқанди бостон 50 сола мешавад. Ӯ дар гузари Бекҳои ин шаҳри ҳунару адабпарвар дар хонаводаи устои чирадаст Ҳамроҳқул Мавлонов, ҳамсояи девор дар миёни мо ба дунё омад. Усто Ҳамроқул дар овони ҷавонӣ нозукиҳои ҳунари бинокориро аз бобои ман Мулло Аҳмад омӯхта буданд. Ҳамчунин усто Ҳамроҳқул аз кӯдакӣ ба сурудхониву навохтани асбобҳои мусиқӣ шавқу рағбат ва дилбастагии беандоза доштанд ва дар хонаи онҳо ҳама намуди асбобҳои мусиқӣ мавҷуд буд. Усто дар маъракаю тӯю сури дӯстон таронаҳо хонда, хотири мардумро шоду болида мегардониданд. Модари Мардон Маҳтоб-хола, ки ба мо, ҳамсолону дӯстони бачагии Мардон низ чун модар меҳрубон буданд, бо тахаллуси Гулем дар ҷашну сурҳо ва маҳфилҳои занон сурудҳои мардумии тоҷикони Самарқандро месароиданд. Дар чунин муҳити зебои пур аз нағмаву тарона Мардон бузург шуд ва табиист, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар дили ӯ меҳру дӯстдорӣ ба таронаву мусиқӣ ҷой гирифт. Ӯ гаштаву баргашта таронаҳои аз падару модар ва радио шунидаашро дар кӯчаву мактаб ва хонаву боғу гулгаштҳо замзама мекард ва гӯё дар олами зебои мусиқӣ ба парвоз меомад. Ин муҳаббату дилбастагии фарзанд аз назари падару модари ҳунарпарвар пинҳон намонд ва онон баробари худ ба Мардон раҳнамоӣ кардан, барои ба гунаи ҷиддӣ омӯхтани ҳунари овозхониву мусиқинавозӣ ӯро ба маҳфили мусиқинавозон ва таронахонии Кохи наврасони шаҳр бурданд то аз устоди Шашмақом Ҷӯрақул Солеҳов дарси ҳунар омӯзад. Дар муддати панҷ соли , ба истилоҳ, гарди ин даргоҳи ҳунар хӯрдан Мардон аз бисёр вижагиҳои ҳунари овозхонӣ ва бахши басо душвори он шашмақомхонӣ огоҳ шуд ва соли 1978, пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 8 ҳуҷҷатҳои худро ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ҳоҷӣ Абдурасул Абдулазизови вилояти Самарқанд супорид ва онро соли 1980 бомуваффакият хатм кард. Мардон дар ин солҳо дар маҳфилҳои дӯстон ва ҷашну сурҳои мардум сурудхонӣ мекард ва дере нагузашта дар байни мардум шӯҳрат ёфт. Ӯ овозхонҳои машҳур Ҷӯрабеки Мурод, Аҳмад Зоҳир , Гугуш ва Зафар Нозимовро устодони худ мешуморид ва бештар аз барномаҳои ҳунарии онҳо таронаҳо мехонд ва оҳиста -оҳиста худ ҳам оҳангҳое эҷод кард ва онҳо дере нагузашта мавриди писанди мардум қарор гирифтанд.

Дар охирҳои соли 70 ва саршавии соли 80 -садаи гузашта дар Самарқанд баъзе овозхонҳо баробари таронаҳои тоҷикӣ-форсӣ гоҳ-гоҳе сурудхои ӯзбакиву озарӣ ҳам мехонданд. Зеро дар гирду атрофи шаҳр баробари тоҷикон, ки аҳолии асосии шаҳрро ташкил мекунанд, ӯзбаку ирониҳои турктабор ҳам зиндагӣ мекунанд ва онон гоҳо ба маъракаҳои хеш овозхонҳоро аз шаҳру ҷумҳуриҳои дигар ҳам даъват мекарданд. Боре дар ҷашни арӯсии иронии турктаборе, ки Мардон ҳам он ҷо даъват шуда буд, овозхони озарие ҳам ширкат дошт. Нахуст дар ҷашн он меҳмон 7- 8 таронаи туркиву форсӣ хонд. Пас аз он навбат ба Мардон расид. Мардон чун 4-5 суруд хонду меҳмонон ҳама ӯро басо гарм пазироӣ карданд, меҳмони озарӣ торашро гирифта ба ғилоф андохт ва гуфт, ки ин ҷавон маҳорати баланд доштааст, овозаш ҳам бас дилнишин, беҳтараш акнун ҷашни арӯсиро худи ӯ идома диҳад… Аз ҷониби меҳмон ин худ ҳам як навъ ҷавонмардие буду ҳам эътирофи ҳунари волои овозхони тоҷик. Ин давраи оғози парвозҳои баланди ҳунарии Мардон буд ва акнун овозаи ҳунар ва садои дилангезаш на танҳо дар Самарқанд, балки дар дигар шаҳру ҷумҳуриҳо ҳам паҳн шуда буд. Дар Тоҷикистон бошад, ӯ як овозхони дӯстдошта ва меҳмони ҳамешагии мардум дар ҷашну маҳфилҳо ва сурҳо гардида буд.

Баьд аз оғози бозсозӣ, ки онро М. Горбачев асос гузошт, дар Ӯзбакистон ва Самарқанд ҳукумат , баьд аз талабҳо ва талошҳои тоҷикони Самарқанд, ки ҳама аьзои Маркази фарҳангии тоҷикони «Самарқанд» буданд, маҷбур шуд, иҷоза бидиҳад то тоҷикон ҳам забону фарҳанги худро аз рӯи қонун пеш баранд. Подоши ин талошҳо буд, ки соли 1988 Мардон бори нахуст дар Самарқанд ва Ӯзбакистон дастаи фолклориву этнографии тоҷикии « Таронаҳои Самарқанд» -ро ташкил намуд ва дере нагузашта маҳфили рӯнамоии ин даста дар майдони Регистони Самарқанд баргузор шуд. Ин як гардиши бузург ва пешравии чашмгире дар ҳаёти тоҷикони Самарқанд ва Ӯзбакистон буд. Мардум сурудҳои миллии худро аз Мардон ва аъзои дастааш шунида, эҳсоси миллатдӯстӣ ва худшиноии миллиашон баланд мешуд. Мардон чанд суруди мардумии Самарқандро аз модараш гирифта, сайқали нав дод ва худ ҳам сурудҳои миллии тоҷикони Самарқанду Бухороро аз нав эҳё намуда, дар ҳавои онҳо худ низ сурудҳои нав эҷод кард. Инҳо таронаҳои «Тӯтиҷон», «Самарқанд сайқали рӯи замин аст», «Хобам намебарад», «Аё модар» , «Лила –лила», «Самарқанд», «Санаме», «Дӯстат дорам» , «Салом, азизам» ва чандин таронаҳои мавригӣ ва дигари тоҷикӣ- форсианд, ки онҳоро ҳама он замон ва имрӯз низ бо майлу хоҳиши беандоза мешунаванд ва як ҷаҳон лаззат мебаранд. Як хидмати арзандаи дигари овозхон ин аст, ки ӯ ба шеваву равиши хондани таронаҳои мавригӣ дар Самарқанд ва умуман байни тоҷикон тобиши нав дод ва ин гунаи овозхонии тоҷикиро дубора эҳё намуд. Натиҷаи чунин ҷустуҷӯйҳои ҳамешагии эҷодӣ буд, ки ӯ борҳо ба телевизиони Самарқанд ва Ӯзбакистон даъват шуд ва ҳам ба дигар шаҳру вилоятҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод.

Мардон акнун дар толорҳои калон ва маҳфилҳои пуршукӯҳи Тоҷикистон ҳам чун беҳтарин овозхонҳои тоҷик муваффақона ҳунарнамоӣ мекард ва сазовори пазироии гарм ва бемонанди мухлисонаш мегардид. Ҳамзамон ӯ корҳои хайрияро ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам барои мардуми Тоҷикистон идома медод. Соли 1989 Мардони Мавлон ҳангоми як сафари дарозмуддати ҳунарии худ ба шаҳрхои Тоҷикистон барои Хазинаи кӯдакон ва забон консертҳо доир карда, маблағи ҳангуфтеро аз ин ҳунарнамоиҳо ба ин сандуқҳо ворид кард. Соли 1990 мардуми ҷаҳон ва Тоҷикистон 1400 солагии хунёгари бузурги тоҷик Борбади Марвазиро ҷашн гирифтанд . Овозхони номвари тоҷик ҳам ба ин ҷашни пуршукӯҳ даьват шуда буд ва ӯ низ дар паҳлӯи ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон бо таронаҳои дилангези худ, ки аз он бӯйи хуш ва таровату зебоии Самарқанд меомад, хотири ҳазорон тамошобини тоҷик ва меҳмонони хориҷиро шод гардонд. Дастаи доварон, ки аз Ирон, Тоҷикистон, Афғонистон ва форсизабонони Амрикову Аврупо буданд , аз байни ҳунармандони номвари ҷашн ҷоизаи аввал ва нишони Борбадро ба Мардони Мавлон супориданд. Ҳамон сол дар варзишгохи марказии Душанбе бо ширкати ҳамаи овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистон консерти хайрия баргузор шуд ва Мардон ҳам дар он ширкат варзид . Ҳангоме Мардон суруд мехонд , тамоми мардуми дар варзишгоҳ буда аз равиши мавригихонӣ ва оҳангҳои мардумии Самарқанд ба ваҷд омада, ба рақс даромаданд. Вақте Мардон сурудро тамом кард, мардум ӯро рост аз саҳна болои даст бардошта, то утоқи ҳунарварон бурданд… Соли 1990 Маркази фарҳангии тоҷикони «Самарқанд» аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, то ба Мардони Мавлон барои хидматҳои арзандааш унвони ҳунарпешаи шоистаи Точикистонро супоранд. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимро ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешиҳод кардем, вале онҳо гуфтанд, ки боз як ҳуҷҷати дигар, яъне тавсияномаи ҳокимияти шаҳри Самарқанд зарур аст. Чун мо барои гирифтани ин нома ба ҳокимияти шаҳр муроҷиат кардем, онон бо ҳар баҳона додани тавсияномаро ба таъхир мегузоштанд ва ниҳоят гуфтанд, ки Мардон бояд нахуст дар Ӯзбакистон унвон бигирад, пас чунин тавсиянома хоҳанд дод. Вале рӯзу моҳҳо мегузашту на дар Ӯзбакистон ба Мардон унвон медоданду на барояш тавсиянома барои гирифтани унвон дар Тоҷикистон. Ниҳоят Мардони Мавлон боз дар як чорабинии давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Душанбе ширкат кард ва ҳукумати Тоҷикистон дар он маҳфил ӯро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонд ва дере нагузашта ҳукумати Ӯзбакистон ҳам ба ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбакистонро дод.

Ин овозхони номдори тоҷик қариб ҳар сол дар рӯзи истиқлолият ба барномаи телевизиони Ӯзбакистон даъват мегардад ва дар он ӯ таронаи тоҷикӣ мехонад. Ӯ борҳо дар ҷашнвораи мусиқии байналмилалии «Таронаҳои Шарқ», ки дар Самарқанд дар ҳар ду сол баргузор мешавад, фаъолона ширкат менамояд. Мардони Мавлон ба ҷуз Тоҷикистон боз ба чандин кишварҳои дигар, монанди Иолоти Муттаҳидаи Амрико, Афғонистон, Россия, Исроил ва бархе кишварҳои Аврупо сафарҳои ҳунарӣ карда, мусиқӣ ва таронаҳои дилангези тоҷикӣ - форсиро ба онон армуғон бурдааст ва собит кардааст, ки Самарқанди бостон, бо ҳама он мушкилоте, ки тоҷикон он ҷо рӯ ба рӯанд, боз ҳам як гаҳвораи фарҳанг ва тамаддуни тоҷик боқӣ мондааст ва чунин боқӣ хоҳад монд…

Мардони Мавлон, ки замоне худ шогирд буду аз баракати заҳматҳои устодонаш ба чунин пояҳои баланди эҷодӣ расидааст, солҳост мекӯшад, ки худ ҳам шогирдон тарбия кунад то онон роҳи ӯро минбаъд идома диҳанд ва ҳунари овозхонии тоҷикро дар Ӯзбакистон поянда доранд. Ҳоло даҳҳо нафар шогирдони ӯ монанди Талъат Шобаротов, Роҳила Ӯлмасова, Шавкати Тошкандӣ, Орзумурод Насимов, Шерзод Узоқов, Шӯҳрат Муҳаммадқулова услуби худро ёфта, дар Ӯзбакистон анъанаи устоди хешро идома медиҳанд ва барои тарғиби мусиқиву таронаҳои тоҷикӣ ва рушди фарҳанги миллии тоҷикон қадри тавони хеш саҳм мегузоранд.

Ба гунае, ки худи овозхон ҳам таъкид мекунад, барои рушди ҳунари овозхонӣ ба ҷуз истеъдоди фитрӣ ва овози хуб боз доштани як раҳнамову мураббии кордону дилсӯз нақши муассир дорад. Аз ин ҷиҳат ҳам бахт ба рӯйи Мардони Мавлон хандидааст, ки ӯ ва шогирдонашро донандаи басо хуби мусиқиву овозхонӣ, оҳангсози номӣ, мутахассиси рақси миллӣ ва продюсер Муҳаммадрасул Маҳмадаминов ҳамеша ҳамроҳӣ мекунад. Ин марди ҳунар, ки асрори мусиқиро бас хуб медонад, барои дарки амиқи мусиқӣ, оҳангёбӣ, саҳнаороӣ, интихоби либоси миллӣ ва таронаҳои ҷолиб пайваста ёрирасони Мардон ва шогирдонаш аст. Ӯ борҳо ба осорхонаву китобхонаҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Душанбе рафта, он ҷо пажӯҳишҳо ва ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ кардааст ва бисёр таронаву либос ва дигар чизҳои мавриди ниёзи ҳунару овозхонҳоро дарёфт карда, ба онҳо ҷило ва ҳусни нав бахшида, ба овозхонҳо пешниҳод кардааст.

Мардон бо дастгириву маслиҳат ва ёрии чунин устодон ва аз сӯи дигар бо меҳрубониву муҳаббати шогирдон дар ҷодаи ҳунар аз пешина ҳам устувортар гом мезанад ва қуллаҳои боз ҳам баландро фатҳ карданист. Мо, рӯшанфикрони Самарқанд ва ҳама тоҷикони ҷаҳон дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои воло ба овозхони маъруфамон комёбиву пирӯзиҳо орзу дорем ва ҳамзамон мегӯем:

Ҷашни 50 солагӣ хуҷаста бод, эй ҳунарманди тавоно! Бигзор овози марғуладорат боз ҳам шевову дилангез гардаду панҷаи пурҳунарат ҳеч гоҳ дардро набинад. Боз туро 50 соли дигар зиндагии пуршараф насиб гардаду таронаҳоят боз садсолаҳои бисёр ҳамдаму ҳамроҳ ва илҳомбахшу шодиовари мардуми Самарқанди бостон ва ҳама тоҷикон бошад!






Муаллиф: Аҳмадиён Ҳаким Раббимпур, Филаделфия-Самарқанд